لوگو

10.12.2014

Бунёди “Ормоншаҳр/OPEN ASIA” ифтихор дорад, ки барандагони сеюмин даври ҷоизаи байналмилалии “Сулҳи Симурғ”-ро тайи маросими бошукӯҳе, ки дар шаҳри Кобул баргузор шуд, эълом намояд.

Дар ин даври ҷашнвора, фаъолияти ҳунармандони арсаи мусиқӣ дар кишварҳои Афғонистон, Тоҷикистон ва Эрон қадр карда шуд. 
Боиси ифтихор аст, ки аз Тоҷикистон ин тандис ба Маркази “Фалак” ва бунёдгузори он Давлатманд Хол, барои таъсиси ин ниҳод ва талош дар ростои ҳифзи мероси мусиқии фалак ва ривоҷи огоҳонаи адабиёти куҳан ва навин, аз тариқи ин навъи мусиқӣ эҳдо мешавад. Ин тандис, ҳамчунин ба Гулчеҳра Содиқова, модари ҳунари мусиқии Тоҷикистон, ба хотири як умр фаъолияти ҳунарӣ эҳдо мегардад. Далер Назар низ ба поси муқовимати фарҳангӣ ва талош барои зинда нигоҳ доштани мероси адабӣ, аз тариқи мусиқии муосир ва таркиби мусиқии попу ҷазз бо мусиқии маҳаллии Тоҷикистон, шоистаи ин тандиси лоҷувардин эълом мешавад.
Тандиси сеюмин ҷоизаи байналмилалии “Сулҳи Симурғ”-ро аз кишвари Эрон, устод Муҳаммадризо Шаҷариён барои як умр фаъолияти ҳунарӣ ва ҳузури ҳамвораашон дар канори мардум дарёфт хоҳанд кард ва гурӯҳи мусиқии Расток барои таваҷҷуҳ ба мусиқии маҳаллии қавмҳо ва забонҳои мухталифи Эрон, ҳузури пурранги занон дар ин гурӯҳ ва интишори шодӣ дар байни мардум, шоистаи ин ҷоиза эълом мешавад.

Аз Афғонистон Оркестри ҷавонони Институти миллии мусиқии Афғонистон барои тарбияти насли ҷадиди духтарону писарон ва ҳамчунон таваҷҷӯҳ ба мусиқии Афғонистон ва ҷаҳон, низ ин ҷоизаро дарёфт кардааст, ва хонуми Зарсонга барои як умр фаъолияти ҳунарӣ ва бо вуҷуди ҳамаи маҳдудиятҳо, ба хотири зинда нигоҳ доштани садои зан дар Афғонистон ва аз тариқи мусиқӣ даъвати ӯ ба сулҳ, шоистаи ин тандис шинохта шудаанд. 

Котиботи сеюмин даври ин ҷоиза, барои ҳамаи ин фарҳехтагон орзуи муваффақиятҳои бештар дорад.
Ҷоизаи байналмилалии “Сулҳи Симурғ” дар соли 2009 аз сӯи Бунёди Ормоншаҳр/OPEN ASIA таъсис шуд. Ин ҷоиза дар даври аввал ба шоирону нависандагони минтақа эҳдо шуд, ва дар даври дувум фаъолияти ноширони мустақили Афғонистон ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва ҳамчунин Вазорати фарҳанги ин кишварро, ба поси эҷоди хонае бузург барои китоб ва фаъолиятҳои нашриётӣ қадр карда шудааст. tandis

Ҷоизаи “Сулҳи Симурғ” ҳар сӣ моҳ як бор ба аҳли ҳунару фарҳанге, ки дар ростои сулҳу дӯстӣ фаъолият доранд, эҳдо мешавад. Бунёди Ормоншаҳр/OPEN ASIA дар соли 1996 таъсис ёфтааст. Ин ниҳод дар тӯли 18 соли гузашта барномаҳо ва фаъолиятҳои фарҳанги ва ҳуқуқи башарии зиёде дар қалби Осиё анҷом додааст. 

arman shar logo

Дабирхонаи сеюмин даври ҷоизаи байналмилалии “Сулҳи Симурғ”
Ормоншаҳр/OPEN ASIA
Тамос: openasiafrance@gmail.com
сомона: http://openasia.org/