simorgh 2

 Фарохони
даври севуми Ҷашнвораи (фестивали) Сулҳи Симурғ ба аҳли мусиқӣ
۷ майи соли ۲۰۱۳

Инак, ба ҳамроҳ ба истиқболи даври севуми Ҷашнвораи Сулҳи Симурғ меравем, то аз ҳунармандони арсаи мусиқӣ ва ҷавонони ташаббускор, ки заминаи бурузи халлоқиятҳояшон то имрӯз фароҳам набуда, тақдир ба амал оварем.
Ҷоизаи Сулҳи Симурғ дар соли ۲۰۰۹ бо ташаббуси Бунёди Ормоншаҳр таъсис шуд. Даври аввали ин Ҷашнвора ба осори бартари шоирону нависандагони ин ҷуғрофиёи фарҳангӣ бахшида шуд ва дар даври дувум ба ноширони баргузидаи мустақил. Ба ғайр аз ин, ба поси фаъолиятҳои интишоротӣ ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии ин кишвар ба далели эҷоди маҳалли амн барои китоб ва китобхонӣ, тандиси Симурҳ ҳадя гардид.

۳۶۵ рӯз сулҳ мехоҳем: на як рӯз кам, балки як рӯз беш

Ба баҳонаи рӯзи ҷаҳонии сулҳ, пас аз таҳаммули ҷанг, бедодгарӣ ва гузор аз тӯфонҳо ва номулоиматҳо мехоҳем ба ёд биоварем, ки Симурғи афсонавӣ, ки параш давои ҳар дард асту навиди озодиву дод, дар пушти кӯҳи Қоф ошёна накардааст. Мо худ симурғ ҳастем ва дар конуну перомун, агар бедор шавем, созанда ва нигаҳбони сулҳи пойдор ва агар ҳушёр бошем ва бовар кунем ва остин боло бизанем, миёнҷӣ низ худамон ҳастем.
Даври савуми «Симурғ» фарохоне аст, барои расонидани паёми сулҳ аз тариқи мусиқӣ ба гӯши нафароне, ки солҳои сол аст ҷуз фарёди туфангу нафири гулӯларо нашнидаанд ва муштоқу шунавои садое ҳастанд, ки гӯши ҷонро наёзорад ва биёромад. Низомигарӣ, шиканҷа ва озору ҳама ашколи хушунат ва дахолатҳои вайронкунанда ягон гӯшае аз ҷуғрофиёи моро дар ин қарн ором нагзоштаву, ҳамвора чакмапӯшоне будаанд, ки ҷуз ба асорати инсон фикр накардаву намекунанд.
Ин ҷашнвора пешкаше аз умед ба кӯшандагони роҳи сулҳ дар саросари ҷаҳон аст, то ин мардумро дар бозёбии дубораашон ва каромати худ ёрӣ диҳад, нағмаест барои ононе, ки дерест ҷуз табли ҷанг, навое нашнидаанд.
Симурғ кошонаи густардаест барои ҳунармандоне, ки ба ин ҳама нафрату хушунат нигоҳ накарда, садои дилнавоз ва таронаи рӯҳпарварашон, мардуми ин ҷуғрофиёи бузургро ҳар гоҳе аз воқеияти зишт перомун ба дунёи ормонӣ ва зебо мебарад.

Мо аз дастандаркорони мусиқӣ: таронасаро, оҳангсоз ва овозхон даъват мекунем, то дар сохтани ин кошона бо мо ҳамроҳ шаванд!

Мавзӯъи асари ирсолӣ: муқобила бо ҷанг, низомигарӣ, ҷудоиандозӣ, шиканҷаву истибдод; ташвиқи сулҳу меҳрубонӣ. Албатта, мо дар ин ҷашнвора ба дунболи шиор додан нестем, балки мехоҳем аз тариқи ҳунар дар байни мардум пайванд эҷод карда ва ҳар гуна нафрату хушунатро аз байн бардорем.
Дар ин Ҷашнвора сифати сабт ва собиқаи фаъолияти касбии ҳунармандон меъёри асосии доварӣ нахоҳад буд.
Дар даври савуми Ҷашнвораи Сулҳи Симурғ, гурӯҳи доварон таронасаро, оҳангсоз ва овозхони баргузидаро муаррифӣ ва тандиси лоҷувардини ҷашнвораро эъто хоҳанд кард.

ЧӢ ГУНА МЕТАВОНЕД ДАР ҶОИЗАИ СУЛҲИ СИМУРҒ ШИРКАТ КУНЕД?

Ҳунармандон метавонанд осорашонро то ۷ июни ۲۰۱۳ ба Котиботи Ҷашнвора ирсол намоянд:
۱٫  Шаҳрвандони афғонистонӣ осорашонро ба сурати файли савтӣ ё тасвирии сабтшуда бар рӯи DVD ба нишонии зерин ирсол кунанд:
Кобул: Баҳористон, кӯчаи Қассобӣ, дасти чапи сараки панҷум, хонаи ۱۹۵, дафтари Бунёди Ормоншаҳр.
Ҳирот: Ҷодаи пушти фармондони амния, рӯ ба рӯи толори Ҳайдарӣ, дафтари Бунёди Ормоншаҳр.
۲٫ Шаҳрвандони афғонистонӣ ва дигар кишварҳо метавонанд линки осорашонро ба сурати файли савтӣ ё тасвирӣ ба ин е-майл ирсол кунанд: jayezeh.simorgh@openasia.org

Осори ирсолӣ ба Дабирхонаи ҷашнвора бояд мушаххасоти зеринро ба таври пурра дошта бошанд. Дар ғайри ин сурат, дар ҷашнвора иҷозати ширкат дода намешавад.
Ин пурсишномаро ҳамроҳи асари худ ирсол кунед:
Ном:
Номи хонаводагӣ:
Ном ва номи хонаводагӣ ба англисӣ:
Таърих ва маҳалли таваллуд:
Шаҳрвандӣ:
Ҷинсият:
Шуғл:
Телефон:
Нишонӣ:
Адреси электронӣ:
Сомона/веблог:
Линки Ютуб:
Тавзеҳномаи мухтасар дар бораи фаъолияти ҳунарӣ:

«Ормоншаҳр» як ташкилоти мустақил ва ғайридавлатии шаҳрвандӣ аст, ки ба ягон гурӯҳи иқтисодӣ, сиёсӣ, мазҳабӣ, қавмӣ ва ягон давлат вобастагӣ надорад. “Ормоншаҳр” – ташкилотест, ки барои эҷоди бистарҳои муносиб ҷиҳати таъмини хостаҳои иҷтимоӣ барои дастёбӣ ба демократия, ҳуқуқи башар, адолат ва қонунмадорӣ мекӯшад. Инчунин даст задан ба ибтикороти фарҳангӣ ва нашри китоб барои хидмат ба шаклгирии огоҳии шаҳрвандӣ яке аз ҳадафҳои асосии ин ташкилот мебошад. «Ормоншаҳр» пайваста дар ростои табодули андеша ва гуфтугӯ дар минтақа бо мақсади эҷоди ҳамбастагӣ, пешрафт ва сулҳ саъю талош дорад.

Тамос бо мо: jayezeh.simorgh@openasia.org
Телефон: +۹۳۷۰۰۴۲۷۲۴۴ ва +۳۳۶۶۲۱۵۳۲۹۷
Вебсайти ормоншаҳр: https://openasia.org
Веблоги ҷоизаи Симурғ: http://jayezasimorgh.blogfa.com